Дар пайи як сонеҳаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе–Хуҷанд, Маҳмадраҷаб Абдуллозода, хабарнигори телевизиони давлатии «Тоҷикистон» дар минтақаи Бохтар ва котиби матбуотии раиси шаҳри Бохтар, ба ҳалокат расид.
Тибқи иттилои дар ин сония се нафари дигар низ ҷароҳат бардоштаанд.
Дар робита ба даргузашти Маҳмадраҷаб Абдуллозода мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва ҳамкорону наздикони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори ҳамдардӣ намудаанд.
Ҷанозаи марҳум фардо дар ноҳияи Балҷувон баргузор хоҳад шуд.
«Фараҳ» ба пайвандону наздикони Маҳмадраҷаб Абдуллозода изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳон аст.
Блоки рекламавӣ



