Мақомоти Тоҷикистон то соли 2028 дар кишвар барои коркарди батареяи мошинҳои барқӣ корхонаи махсус сохта мешавад.
Исфандиёр Шукурзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист 9-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ин корхона бояд дар яке аз ноҳияҳои атрофи Душанбе бунёд гардад.Онҳо пешниҳод кардаанд, ки то сохтани ин корхона, батареяи мошинҳои барқӣ дар анбори махсусе дар Душанбе ҷамъоварӣ шаванд.
Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, феълан мушкилоти ҷиддии экологӣ бо батареяи мошинҳои барқӣ вуҷуд надорад, вале баъди чанд сол метавонад ин масъала муҳим шавад.
Мошинҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе аз мошинҳои барқӣ иборат аст. Батареяи ин мошинҳо ва роҳҳо нобуд кардани он қаблан нигаронии ҳомиёни муҳити зистро ба миён оварда буд.

Корхонаи махсус барои коркарди батареяи мошинҳои барқӣ
Блоки рекламавӣ


