18 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Донаи алмос” – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар доираи шарикии давлат бо бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Озода Ҳазратзода дар масоҳати 4782 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Самти фаъолияти корхонаи мазкур коркард, бастубанд ва содироти меваи хушк буда, дар он зиёда аз 20 навъи маҳсулот, аз ҷумла зардолуи хушки донакдор, писта, олуча, гулхор, чормағзи заминӣ, тут ва омехтаи як қатор меваҳои хушк омода карда мешавад.
Корхона бо дастгоҳҳои навини хориҷӣ муҷаҳҳаз буда, дорои тавоноии коркарди то 2000 тонна мева дар як сол ва бастабандии маҳсулот дар шаклҳои гуногун мебошад.
Меваи хушке, ки дар корхона коркард мешавад, мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, ба зиёда аз 30 кишвар, аз ҷумла Олмон, Русия, Чин, Беларус, Озарбойҷон, Эрон, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб содирот карда мешавад. Мағзи зардолу аз ин ҷо ба Олмон барои истифода дар коркарди шир содир карда мешавад.
Баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи Донаи алмос 40 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Таҷҳизоти насбгардида маҳсулотро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард ва бандубаст мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь