Бритониё, Фаронса, Олмон ва Италия омодаанд, ки таҳримҳоро алайҳи Эрон дар ивази имтиёзҳо дар барномаи ҳастаии он бекор кунанд, хабар медиҳад Спутник.
«Эрон ҳеҷ гоҳ набояд силоҳи ҳастаӣ ба даст орад. Мо омодаем, ки бо Иёлоти Муттаҳида, Эрон ва МАГАТЭ барои ин мақсад ҳамкорӣ кунем”, – гуфтанд роҳбарон дар изҳороти муштарак.
Онҳо қайд мекунанд, ки омодаанд баъзе таҳримҳоро дар посух ба “қадамҳои равшан ва тасдиқшаванда”-и Теҳрон дар робита ба барномаи ҳастаии он бекор кунанд. Инчунин, онҳо даъват мекунанд, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз зуд боз шавад. Дар изҳорот илова карда мешавад, кишварҳои аврупоӣ омодаанд, ки дар таъмини амнияти киштиронии тиҷоратӣ ва амалиёти тозакунии минаҳо иштирок кунанд.
Блоки рекламавӣ



