Дар шаҳри Истаравшан ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сокинон дар баробари кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба истеҳсоли пилла низ машғуланд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни парвариши кирмак ва истеҳсоли пилла ҳамчун ашёи хоми ватанӣ шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо фаро расидани мавсими кирмакпарварӣ ва мусоид омадани обу ҳаво 200 қуттӣ кирмак қабул ва байни ҷамоатҳо тақсим карда шудааст.
Яке аз кирмакпарварони таҷрибадор Муҳаббат Ҳамдамова, сокини деҳаи Лакати шаҳр мебошад, ки зиёда аз 15 сол боз ба ин шуғли мавсимӣ машғул аст. Оилаи ӯ ҳамасола ду қуттӣ кирмак парвариш намуда, барои истеҳсоли пиллаи босифат тамоми имконият ва таҷрибаи худро истифода мебарад.
Зикр гардид, ки кирмакпарварӣ меҳнати зиёд, нигоҳубини пайваста ва риояи талаботи махсусро тақозо мекунад. Маҳз таҷрибаи чандинсолаи кирмакпарварон имкон медиҳад, ки пилла бо сифати баланд истеҳсол гардад.
Таъкид шуд, ки рушди соҳаи пиллапарварӣ барои таъмини корхонаҳои саноатии кишвар бо ашёи хом, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилоят ба оилаи Ҳамдамовҳо барои фаъолияти пурсамар изҳори сипос намуда, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Сипас роҳбари вилоят чанде аз собиқадорони меҳнатро хабар гирифта, ба онҳо ҳам кумакҳои моддӣ расонид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь