16 июни соли 2026 шаҳрванд Самадов Алишер Алиевич соли таваллудаш 19.04.2009, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми оббозӣ намудан дар мавзеи обутобгоҳи дарёи Сир, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ба ғарқшавӣ дучор гардид.
Номбурда сари вақт аз ҷониби гурӯҳи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, ки дар мавзеи обутобгоҳи дарёи Сир навбатдорӣ ташкил кардаанд, аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд.
Ёдовар мегардем, ки дар ин давраи мавсими шиноварӣ аллакай наҷотдиҳандагони Кумита 10 нафар шаҳрвандонро аз ҳолати ғарқшавӣ наҷот додаанд. Ёдовар мегардем, ки қаблан наҷотдиҳандагон 9 шаҳрвандро аз ҳолати ғарқшавӣ наҷот дода буданд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур Кумита бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат менамояд, ки худсарона дар мавзеҳои мамнӯъ ва хатарнок ба истироҳату фароғат ҷалб нагарданд.
Ориф Нозимӣ, полковник, шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумита

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь