Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари боронгариҳои сахти шоми дуюми май ва субҳи сеюми май ва омадани сел, даҳҳо хона дар минтақаҳои гуногуни ҷануби кишвар осеб дида, ба роҳҳо ва киштзорҳо осеб расидааст.
Ба иттилои КҲФ субҳи сеюми май дар ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон замин фурӯ рафт. Дар натиҷа як хонаи истиқоматӣ пурра фурӯ рафта, анбори нигаҳдории ангиштсанги як мактаб зарар дид. Ҳамчунин 9 хонаи истиқоматӣ ва як бунгоҳи тиббӣ зери хатари фурӯравӣ қарор гирифтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин мегӯяд, ки шоми дуюми май бар асари фаромадани сел дар деҳаи Фурқати ҷамоати Дустии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ як канал ба масофаи 100 метр рахна шуда, 50 метр роҳи мошингузари маҳаллӣ фурӯ рафтааст. Ҳамчунин 7 хонаи истиқоматӣ дар маърази хатар қарор гирифтаанд ва 7 хонаводаи дигар ба ҷойҳои амн интиқол дода шудаанд.
Дар ноҳияи Панҷ ҳам субҳи сеюми май сел ба заминҳои кишоварзӣ зарар расонидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь