Ноҳияи Ёвон дар мавсими ҷории пилласупорӣ нақшаи истеҳсоли пилларо бо нишондиҳандаи 101 фоиз иҷро намуда, 21 тонна пилла истеҳсол ва ба давлат супорид.
Аз МТҲД-и ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин меҳнати содиқонаву масъулиятшиносонаи кирмакпарварон ва аҳли заҳмати ноҳияи Ёвон, соҳаи пиллапарварӣ дар ноҳия рушду тавсеаи назаррас касб намуда истодааст.
Бо чунин натиҷаи баланд ноҳияи Ёвон миёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавқеи аввалро намуда, бори дигар иқтидори меҳнатӣ ва масъулиятшиносии мардуми заҳматқарини худро собит сохт.
Кишоварзону истеҳсолкунандагони ноҳияи Ёвон минбаъд низ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва меҳнати созанда дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ёвон: 21 тонна пилла истеҳсол шуд
Блоки рекламавӣ


