Дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён шаҳрванд Ахмедов Саидахмед Маҳмадиевич, санаи тавалуд 28.11.1960, сокини ноҳияи Кӯшониён, маҳаллаи Маданият 2, ки пештар бо моддаи 170 дузанагӣ ё серзанагӣ суд шудааст, барои алоқаи ҷинсӣ ва кирдорҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ дастгир карда шуд. Ахмедов Саидахмед дар байни мизоҷони хурофотии худ бо тахаллуси “Эшони-каратэ” маъруф мебошад.
Номбурда маълумотӣ динӣ надошта, ба хизматрасониҳои ҷинбарорӣ, бахткушоӣ, гарм намудани муносибатҳои байни зану мард, кушоиши кор, баровардани сеҳру ҷоду ва табобат аз ҳар гуна бемориҳо бо роҳи дуохонӣ ва навиштани тумору таштоб машғул будааст.
Эшони карате занҳои корафтодаро, ки ба наздаш меоянд, дар хона бе иштироки наздиконашон қабул намуда, ҳангоми дуохонӣ бо истифода аз боварии динӣ нисбати занон кирдорҳои бадахлоқона анҷом дода, бо онҳо ҳамхоба мешавад. Инчунин, бо ҳамин мақсад барои қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ занони соддаву гумроҳро бо роҳи фиреб ба никоҳи худ дароварда, пас аз ҳамхоба шудан аз онҳо ҷудо шудааст.
Гумонбаршуда нишондод медиҳад, никоҳ кардани занонро танҳо барои қонеъ намудани нафси шаҳвонӣ анҷом додааст.
Ҳангоми азназаргузаронии телефони мобилии номбурда муайян гардид, ки ӯ ба ҳама ҷавонзани корафтода паёмакҳои ошиқона равон кардааст.
Эшони каратэ мегӯяд, ки бо зиёда аз 11 нафар занон бо ҳамин тарз алоқаи ҷинсӣ намудааст. Айни ҳол дар манзили истиқоматиаш бо 3 ҳамсар зиндагонӣ дорад. Номбурда аз 10 зан 20 фарзанд дорад, ки рӯзгори душвор ва номусод пеш мебаранд.
Ахмедов Саидахмед барои боварии шаҳрвандони зудбоварро ба даст овардан бо усулҳои варзишӣ ҷинбарорӣ карда, ҳангоми дуохонӣ гӯё ҷинҳоро бо мушту лагад бо усули “Карате” мезадаст, аз ҳамин хотир бо тахаллуси “Домулло-карате” дар байни мизоҷонаш машҳур шудааст.
Барои хизматрасониҳои мардумфиребона Ахмедов Саидахмед аз корафтодагон аз 100 то 200 долари амрикоӣ ва як сар гусфанд талаб намуда, ба даст меовардааст ва гӯё бо хун кардани гусфанд, мушкилоти корафтодаро ҳал мекардааст.
Боздоштгардида муддати 20 сол дар масҷиди маҳаллаи Маданият 2-и ноҳияи Кӯшониён, ба ҳайси имомхатиб фаъолият кардааст. Ӯ дар минбари масҷид сокинони маҳалларо ба адлу инсоф ва росткориву парҳезгорӣ ҳидоят намуда, дар паси парда кирдорҳои бадахлоқонаро анҷом медодааст, ки ҳам қонунгузорӣ ва ҳам аҳкоми динӣ ин рафтори ӯро маҳкум менамояд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ахмедов Саидахмед маводҳо ҷамъоварӣ гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ дар асоси моддаи 142 иловаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Оид ба хизматрасониҳои мардумфиребона ва кирдорҳои бадахлоқонаи номбурда рӯзҳои наздик намоиши телевизионӣ пешкаши шаҳрвандон гардонида мешавад.

“Эшони каратэ”- и “ҷинбарор” боздошт шуд
Блоки рекламавӣ


