Эрон Кэролина Левитт, сухангӯи Трампро барои бори дуюм модар шуданаш табрик намуд ва аз ҳамлаи ИМА ба мактаби духтарона дар Миноб ёдоварӣ овард. Сафорати Эрон дар Арманистон дар шабакаи иҷтимоӣ дар бораи таваллуди кӯдак дар оилаи сухангӯи кохи Сафед Кэролайн Левитт вокуниш намуд. Дар он дипломатҳо намояндаи маъмурияти амалкунандаи ИМА-ро бо ин ҳодисаи хурсандиовар табрик карда, ҳамзамон ҳамлаи Амрикоро ба мактаби духтаронаи Эрон хотиррасон кардаанд.
Дар ин табрикот сафорат қайд кардааст, ки “кӯдакон бегуноҳ ва сазовори муҳаббат ҳастанд”. Дипломатҳо таъкид кардаанд, ки 168 духтари аз ҷониби Амрико кушташуда низ кӯдак буданд.
“Он 168 кӯдаке, ки раҳбари шумо дар мактаби Миноб кушт ва шумо амалҳои ӯро сафед кардаед, низ кӯдакон буданд. Вақте ки шумо кӯдаки худро мебӯсед, дар бораи модарони ин кӯдакон фикр кунед” – омадааст дар паёми табрикотӣ. Ёдовар мешавем, ки Кэролайн Левитти 28-сола бори дуюм модар шуд. Вай аз магнати сохтмонии 60-сола Николас Риччио духтар таваллуд кард. Мактаби ибтидоӣ барои духтарон дар Миноби Эрон 28 феврал, дар рӯзи аввали амалиёти низомии ИМА ва Исроил алайҳи Эрон, мавриди зарба қарор гирифт. 3 март дар Эрон бо 168 кӯдаки қурбонии зарба ба мактаби ибтидоӣ хайрухуш карданд. Мақомоти Эрон ИМА ва Исроилро дар ин ҳодиса айбдор карданд.
11 март рӯзномаи The New York Times бо истинод ба маълумоти пешакии тафтишот хабар дод, ки масъулияти зарба ба мактаби ибтидоиро низомиёни ИМА бар дӯш доранд. Тавре ки маълум шуд, зарба ба мактаб аз ҷониби мушаки амрикоии Tomahawk бо сабаби хатои нишондоди ба ҳадаф расонида шуд. Гуфта мешавад, ки ҳадафи низомиёни амрикоӣ пойгоҳи низомии ҳамсоя буд, ки қаблан бинои мактаб қисми он буд. Аммо, бо сабаби маълумоти кӯҳнаи иктишофӣ, ки аз ҷониби идораи иктишофии вазорати мудофиаи ИМА пешниҳод шудааст, зарба ба мактаб зада шуд.

Эрон ба Левитт аз духтарчаҳои кушташудаи Миноб ёдоварӣ кард
Блоки рекламавӣ


