“Эрон аз Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Урдун барои нақши онҳо дар амалиёти Амрико ва Исроил ҷубронпулӣ талаб кард”, гуфта мешавад дар номаи намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар СММ Амир Саид Иравани, ки ба дасти РИА Новости расид.Ҳуҷҷат ба унвони Дабири Созмони милали Муттаҳид Антониу Гутеррешу ва раиси Шӯрои Амнияти СММ давлати Баҳрайн фиристода шудааст.
“Шоҳигарии Баҳрайн, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун бояд ҷуброни пурраи зарарро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла ҷуброни тамоми зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии байналмилалии онҳо расонидашуда, иҷро кунанд” – гуфта мешавад дар матн. Иравани шарҳ дод, ки ин давлатҳо натанҳо қаламрави худро барои амалӣ кардани таҷовуз ба Эрон таъмин мекарданд, балки дар баъзе ҳолатҳо бевосита дар “ҳамлаҳои ғайриқонунии мусаллаҳона, ки ба объектҳои шаҳрвандии ҶИЭ равона карда шудаанд”- иштирок мекарданд.
“Рафтори ин давлатҳо дар иҷозати истифодаи қаламравҳои онҳо аз ҷониби таҷовузкорон алайҳи ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун амали таҷовузкорӣ арзебӣ мешавад”, — илова кард дипломат.
Кишварҳои Халиҷи Форс ва Урдун расман иштироки худро дар амалиёти Амрико ва Исроил алайҳи Эрон рад мекунанд.

Эрон аз панҷ кишвари арабӣ ҷуброн талаб кард
Блоки рекламавӣ


