Сеюми июн дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода иштирок намуд.
Дар кори ҷаласа инчунин вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Сардори Ситоди муттаҳидаи СААД иштирок карданд.
Зимни ҷаласа 13 масъалаи ҳамкории ҳарбӣ, вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар доираи ҷаласа ҳамзамон мулоқоти дуҷонибаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири мудофиаи Федератсияи Русия баргузор шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро муҳокима намуда, аз фаъолияти густурдаи вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвари дӯсту бародар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Эмомалӣ Собирзода дар Маскав
Блоки рекламавӣ


