14 август Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода рафт.

Ин сафари ӯ бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид. Гуфта шуд, ки иншоот дар масоҳати 14000 метри мураббаъ ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар идомаи сафар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бино барои 1920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, ки дорои 41 синфхона буда, аз ин шумора 21-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии лингофонӣ, биология, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнат ва омодагии ҳарбӣ мебошанд. Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳи таълимӣ ва толори маҷлис бо 144 ҷойи нишаст аст.

Пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дод шуданд. Аввал ба фаъолияти корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амиго» дар маҳаллаи 5-уми кӯчаи Умари Хайём оғоз бахшида шуд. Дар корхонаи Амиго истеҳсоли пахтаи минералӣ, ки барои нагузаронидани гармиву хунукӣ, истифода мешавад, ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 40 ҳазор тонна мерасад. Дар ин ҷо барои 50 сокини маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам оварда шудааст.

Баъд коргоҳи дӯзандагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Умеди Сафияро ба истифода дода шуд. Корхонаи навтаъсис бо истифода аз технологияи муосири дӯзандагӣ ба истеҳсоли 10 намуд либоси мактабӣ машғул буда, барои 30 кас ҷойи нави корӣ фароҳам овардааст.

Ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Муҳаммадзоҳид», ки дар як сол 2 миллиону 600 ҳазор дона хишт мебарорад, сардхонаи муосири ҶДММ «Амиго» дар деҳоти Работ, ки иқтидори нигоҳдории 5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзиро дорад, муассисаи томактабии хусусии «Афсона», ки барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ шудааст, муассисаи томактабии хусусии «IDT KIDS International», кӯдакистон дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода, ки низ 200 кӯдакро таълим хоҳад дод, муассисаи томактабии хусусии «Донояк» барои 120 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии «Нури Истиқлол»  барои 110 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии «Марҷона» барои 200 кӯдак,  Маркази ҷавонон ва мактаби варзишӣ, Қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ дар деҳоти 10-солагии Истиқлол ва чандин бинову иншооти дигар ба кор шуруъ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь