24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд.
Сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Норак оғоз ёфт.
Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро ба истифода доданд.
Тавре зикр гардид, корҳои сохтмонӣ ва таҷдид моҳи октябри соли 2024 оғоз ёфта, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Паймонкори асосии лоиҳа ширкати Андритз гидро буда, иҷрои корҳои зерпаймониро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик СГЕМ” ба уҳда дошт.
Маблағгузории навсозии гидроагрегати рақами ҳафт дар доираи ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ амалӣ гардид. Аз ҷумла, барои татбиқи ин лоиҳаи муҳим 34 миллион евро дар шакли қарз ҷалб карда шуда, ҳамзамон 9,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ равона гардид. Пас аз анҷоми навсозӣ иқтидори истеҳсолии гидроагрегат афзоиш ёфт. Он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Корҳои навсозии таҷҳизоти неругоҳи «Норак» соли 2019 оғоз ёфта, то ин вақт 3 агрегати он пурра иваз шудааст. Дар натиҷаи навсозии 3 агрегат тавоноии неругоҳ 260 МВт зиёд шуд, ки ин аз иқтидори пурраи неругоҳи «Сангтуда-2» бештар мебошад.
Ҳоло навсозии агрегати чоруми неругоҳ бо маҷмуи таҷҳизоти ёрирасони он идома дорад.
Дар маҷмуъ тибқи лоиҳаи навсозии неругоҳ ҳамаи агрегатҳои он бо харҷи 750 миллион доллари амрикоӣ то соли 2032 нав карда мешаванд.
Бо харҷи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоӣ навсозии ҳамаи неругоҳҳои барқии мавҷудаи Тоҷикистон навсозӣ шуда истодаанд, ки ба ин восита муҳлати хизмати онҳо 70-80 соли дигар тамдид меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь