30-юми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии Машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба шаҳри Чолпон-Атои Ҷумҳурии Қирғизистон рафт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Иссик-кул Эмомалӣ Раҳмонро раиси Девони вазирон — роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Одилбек Қосималиев ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь