Эмомалӣ Раҳмон дар Левакант
26 август Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон рафт.
Дар деҳаи Косибони деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант корхонаи истеҳсолии «Хишти диёр» ба кор шуруъ кард.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони осоишгоҳ дар деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант шинос шуд. Сипас, тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакант ифтитоҳ шуд. Дар идома, ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшида шуд, ки инҳо коргоҳҳои истеҳсоли ранги хатҳои уфуқии роҳ, ашёи хоми маводи шустушӯӣ ва мебели инноватсионӣ ҳастанд.
Сипас, дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд



