22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва ин нақши муҳими низоми экологии кӯҳии кишвари моро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд.
Гуфта шуд, ки имрӯз қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор дорад.
Ҳамзамон, аҳамияти қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани Даҳсолаи амал оид ба дастгирии илмҳои криосферӣ (2025-2034) ва таъсиси Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар шаҳри Душанбе таъкид гардид.
Зикр гардид, ки барои Тоҷикистон рушди гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои тозаи энергия афзалияти стратегӣ дорад.
Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ, сафарбарсозии сармоягузориҳои экологӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозории дастгирии рушди “сабз” аҳамияти хоса касб менамояд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни давлатиро оид ба ҳифзи намудҳои беназир ва нодири ҳайвоноти кӯҳӣ фаъолона амалӣ мекунад.
Аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки даҳаи сеюми моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат варзанд.
Дар интиҳои кори Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” Эъломияи муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, Барномаи минтақавии амал барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь