Пас аз 10 соли интизорӣ, ҷудои тоҷик боз соҳиби медали тиллои Чемпионати Осиё гардид ин дафъа бо номи Эмомалӣ Нуралӣ. Ҷудокори ҷавону умедбахши тоҷик дар ин мусобиқа ҳунарнамоии нотакрор нишон дода, роҳи пуршарафро то қуллаи чемпионӣ тай намуд. Ў дар даври аввал намояндаи Муғулистонро мағлуб намуда, дар даври ниманиҳо ба рақиби мизбон — намояндаи Чин пирӯз шуд.
Финал барои мухлисони тоҷик махсус буд рақобати дӯстона миёни ду ҳамватан: Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов. Дар як муҳорибаи зебо ва пуршиддат, Нуралӣ қувваозмоӣ карда, ба зинаи аввал баромад. Ин пирӯзӣ аҳамияти таърихӣ дорад 10 сол, баъд аз қаҳрамонии Комроншоҳи Устопириён, ҷудои Тоҷикистон боз соҳиби унвони қаҳрамони Осиё гардид. пас аз Эмомалӣ Нуралӣ бо ин дастовард натанҳо медали тилло ба даст овард, балки исбот кард, ки насли нави ҷудокорони тоҷик омода аст анъанаҳои қаҳрамониро идома диҳад.
Ин ғалаба – ифтихори миллат, заҳмати солҳо ва оғози роҳҳои бузургтар аст.

Эмомалӣ Нуралӣ – қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо
Блоки рекламавӣ


