Комиссияи Аврупо эълон намуд, ки «Meta Platforms» барои таъмини ҳифзи кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоии Инстаграм ва Фейсбук тадбирҳои кофӣ наандешидааст. Ин амал қоидаҳои рақамии Иттиҳоди Аврупоро вайрон мекунад.
Тибқи иттилои Комиссияи Аврупо, кӯдакони то 13-сола, сарфи назар аз маҳдудияти мавҷуда, ҳамоно аз ин платформаҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Тибқи арзёбии онҳо, ҳиссаи чунин корбарон тақрибан 10–12 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи қоидаҳои ширкат, истифода аз хизматрасониҳо танҳо аз 13-солагӣ иҷозат дода мешавад. Аммо, тибқи маълумоти Комиссияи Аврупо, низоми санҷиши синну сол заиф буда, корбарон метавонанд бе тасдиқ ҳар гуна санаи таваллудро нишон диҳанд.
Ҳамчунин танзимгарон изҳор доштаанд, ки ширкат маълумоти илмиро вобаста ба хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ба назар нагирифтааст. Сухан аз таъсири эҳтимолии манфии муҳтаво ва алгоритмҳои тавсиявӣ меравад.
«Meta Platforms» бо ин хулосаҳо розӣ нест. Ширкат изҳор кард, ки барои муайян ва ҳазфи ҳисобҳои корбарони ноболиғ аз абзорҳои махсус истифода мебарад ва ният дорад чораҳои назоратиро боз ҳам тақвият диҳад.

Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро айбдор кард
Блоки рекламавӣ


