Ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ин навбат ду корхонаи истеҳсолӣ аз Узбекистон ҳам шомил гардиданд.
Инҳо – Корхонаи кимиёии Фарғона ва корхонаи Raw Materials Cellulose воқеъ дар Ҷиззах мебошанд. Дар ин бора сомонаи Комиссиюни Аврупо хабар додааст.
Дар матни бастаи 20-уми таҳримҳо омадааст, ки корхонаи кимиёии Фарғона ба корхонаҳои борути Перм ва Қазон ва Raw Materials Cellulose ба корхонаи борути Тамбови Русия маҳсулот таъмин мекарданд.
Ба муассисаҳои аврупоӣ ҳамакнун ҳама гуна додугирифту ҳамкориҳо бо ин ду корхона манъ мебошад. Аз ин пеш ин ду корхона мавриди таҳримҳои Бритониё ва Украина қарор гирифта буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь