Тибқи иттилои Оҷонсии омор, дар се моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 546 ҳазор тонна семент тавлид шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 дарсад бештар аст.
Дар ду ҳафтаи ахир нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафт. Сокинон мегӯянд, ҳар халта семент аз 56 сомонӣ то 90-110 сомонӣ гарон шуд. Мақомот сабаби боло рафтани нархи сементро шарҳ надодаанд.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор аз зиёд шудани истеҳсоли дигар намуд маҳсулоти сохтмонӣ хабар дод. Дар се моҳ истеҳсоли хишт қариб 1,8, бетон 29 ва арматура, 9,7 дарсад афзоиш ёфт.
Мақомот зиёд шудани истеҳсоли ин навъ маҳсулотро нишони рушди сохтмон дар кишвар мегӯянд. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди зиёд шудани сохтмонҳо, нархи хона ҳам ба таври чашмрас болост.
Блоки рекламавӣ



