Дар шаҳри Истаравшан бинои шуъбаи бемориҳои чашми Беморхонаи марказии шаҳр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода мавриди истифода қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки шуъбаи мазкур ҳанӯз соли 2012 таъсис ёфта, то имрӯз ба аҳолии шаҳри Истаравшан ва ҳамзамон сокинони ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Зафаробод хизматрасонии тиббӣ мерасонад.
Шуъбаи бемориҳои чашм, ки дар ошёнаи дуюми бинои таваллудхона ҷойгир аст, пас аз таъмиру навсозии пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ имконият пайдо намуд, ки бемориҳои гуногун ва ҳатто мушкилтарини чашмро ташхис, табобат ва ҷарроҳӣ намояд.
Тибқи иттилои масъулон, айни замон дар шуъбаи мазкур беш аз 20 нафар табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони миёнаи тиб бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои таъмиру навсозии бинои шуъба ва ободонии гирду атрофи он аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳри Истаравшан 2 миллиону 182 ҳазору 237 сомонӣ ҷудо гардида, барои харидории таҷҳизоти тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ Беморхонаи марказии шаҳр аз ҳисоби маблағҳои махсус 1 миллиону 590 ҳазор сомонӣ сарф намудааст.
Зимни суҳбат бо кормандони соҳа Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, расонидани кумаки аввалияи тиббии саривақтӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь