Ҳукумати Испания тасмим гирифт, ки фазои ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои амрикоӣ, ки дар ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эрон иштирок мекунанд, бандад.
Гуфта мешавад, ки аввал рӯзномаи El Pais дар ин бора навиштааст ва сипас ин хабар аз ҷониби манбаъҳои вазорати мудофиаи Испания тавассути оҷонсии расмии иттилоотии EFE тасдиқ карда шуд. Қаблан ҳукумати Испания ба ҳавопаймоҳои амрикоӣ истифодаи пойгоҳи ҳарбӣ-баҳриро дар Рота (Кадис) ва пойгоҳи ҳавоии Морон-де-ла-Фронтера (Севиля) – ро манъ карда буд. Илова бар ин, ҳоло фазои ҳавоии Испания барои ҳавопаймоҳои амрикоӣ, ки дар кишварҳои Аврупо ҷойгир шудаанд, бастааст.
Дар ин мавод таъкид шудааст, ки ҳукумати Испания, ки ба мавқеи ” нест бод ҷанг” пойбанд аст, қадами нав гузошта, осмонро барои ҳавопаймоҳои низомии Амрико бастааст.
Инчунин дар нашрияи El Pais гуфта мешавад, ки пас аз ин қарор, мақомоти ИМА пас аз машварат бо Мадрид аз нақшаҳои ҷойгир кардани тайёраҳои бомбаборонкунандаи B-52 ва B-1 дар пойгоҳи Морон-де-ла-Фронтер даст кашиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь