Мавзӯи бисёрзанӣ дар Қирғизистон дигарбора доғ мешавад ва иддае дар ин кишвар пешниҳод доранд, ки ҷазои чандҳамсарӣ аз Кодекси ҷиноӣ бароварда шавад ва қонуншикании маъмурӣ номида шавад.
Ҷамъоварии имзои намозгузорон дар назди масҷид ба роҳ монда шудааст. Милиса то куҷо қонунӣ будани ин маъракаро месанҷад. Ҷонибдорони бисёрзанӣ дар навбатӣ худ гуфтаанд, ки аз ин ташаббуси худ даст кашиданӣ нестанд.
Дар даромадгоҳи масҷид аз намозгузорон хоста мешавад, ки ба ҷонибдорӣ аз сабуктар намудани ҷазои серзанӣ имзо гузоранд.
Айни замон тибқи қонунгузорӣ мардоне, ки ду ё бештар ҳамсар доранд, ба корҳои ҷамъиятӣ ё ислоҳӣ ҷалб гардида ё то 1200 доллар ҷарима мешаванд.
Қамбаралӣ Оркошов, раҳбари гурӯҳи ташабусскор мегӯяд, “пешниҳоди мо ин аст, ки бигузор ҳаҷми ҷарима 10 ҳазор сом ва то 7 рӯзи ҳабс пешбинӣ шавад. Аммо муҳимтар аз ҳама, набояд доғи судӣ бошад. Яъне, мо мехоҳем, ки ин муқаррарот аз Кодекси ҷиноӣ ба шаҳрвандӣ иваз карда шуда, ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ арзёбӣ гардад”.
Дар ҳамин ҳол, худи ташаббускорон пойфишорӣ доранд, ки корашон дар доираи қонун аст ва аз роҳашон бозгаштанӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, Вазорати адлия ба ҷамъоварии имзо иҷозат додааст ва дар сурати ҷамъоварии 10 ҳазор имзои тарафдорон, тарҳи қонунро ба порлумон пешниҳод хоҳанд кард.

Қирғизистон: Ҷазо барои бисёрзанӣ сабук шавад
Блоки рекламавӣ


