Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, интизор аст, ки таъминоти барқ барои аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони оянда нисбат ба зимистони гузашта беҳтар хоҳад буд.
Вазир дар посух ба саволҳои намояндагони ВАО қайд кард, ки аз сабаби норасоии об, Тоҷикистон содироти барқро кам мекунад ва обро дар обанборҳо захира мекунад. “Норасоии барқ вуҷуд дорад, аммо мо чораҳои заруриро меандешем. Ман итминон дорам, ки дар ин мавсим аҳолӣ нисбат ба мавсими гузашта таъминоти барқи беҳтар хоҳад дошт”, – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар аз ҳозир норасоии об ҳис мешавад. Аз ин рӯ, содироти барқ кам мешавад ва барои аз давраи тирамоҳу зимистон гузаштан талошҳо барои захира кардани об дар обанборҳо анҷом дода хоҳанд шуд.
Блоки рекламавӣ



