Майори милисаро дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш бо се зарби корд захмӣ кардаанд. Ҳодиса 12-уми май дар соҳили Сирдарё рух дода, мақомот 21-уми май ҷузъиёти онро шарҳ додаанд.
Майори милиса Шаҳзод Холов вақте барои пешгирӣ аз муноқишаи ҷавонон ба соҳили Сирдарё рафт, Парвиз Абдуҳамидов яке аз тарафҳои муноқиша ба ӯ ҳуҷум кард.
Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфт, ки Парвиз Абдуҳамидов сокини 26-солаи шаҳри Хуҷанд бо чанд сокини дигари ин шаҳр “барои муноқиша ба соҳили Сирдарё меоянд. Майори милиса барои пешгирӣ аз муноқиша ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешавад ва талаб мекунад ки рафтори ғайриқонунии худро қатъ кунанд.
Гумонбаршуда Парвиз Абдуҳамидов ба талаби қонунии корманди милиса итоат накарда, бо мақсади куштор бо истифода аз корди хоҷагӣ” ба қафаси сина ва тахтапушти корманди милиса се зарба мезанад.
Корманди милисаро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурдаанд ва мақомот гуфтанд, ӯ таҳти назорати пизишкон аст.
Абдуҳамидов дар гузашта барои ҷинояте 5 сол зиндонӣ шудааст ва парвандаи ӯро маҳз Шаҳзод Холов тафтиш карда буд. Пеш аз корд задан ба корманди милиса, ҷинояткор гуфтааст, ки “маҳз ту будӣ, ки маро ба маҳбас шинонидӣ”.
Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ин маълумотро тасдиқ карда гуфтаанд, Парвиз Абдуҳамидовро соли 2020 барои ҷинояти қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ маҳз Шаҳзод Холов дастгир карда буд.3
Додситонии Хуҷанд алайҳи Парвиз Абдуҳамидов бо гуноҳи қасди куштор парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ин банди қонун аз 15 сол то ба зиндони якумриро пешбинӣ мекунад.

Ҷинояткор майори милисаро корд зад
Блоки рекламавӣ


