Президенти FIFA Ҷаннӣ Инфантино сарфи назар аз интиқодҳо дар бораи нақшаҳои ӯ барои қисман хусусӣ кардани мусобиқаҳои байналмилалӣ, мақоми худро дар ин созмон нигоҳ медорад.
Ин қарор рӯзи чоршанбе, 5-уми август, дар ҷаласаи фаврии Шӯрои FIFA дар Работ (Марокаш) қабул карда шуд.
Дар изҳороте, ки пас аз ҷаласа нашр шуд, гуфта мешавад, ки дабири кулли FIFA Маттиас Графстрём ва аъзои раёсат аз Ҷаннӣ Инфантино, ки ахиран зери фишори шадид қарор гирифтааст, пуштибонӣ карданд.
Қаблан UEFA Созмони ҷаҳонии футболро ба даст доштан дар “нақшаҳои махфӣ” муттаҳам карда, хостори муайян ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масъул шуда буд.
Ҷанни Инфантино нияти худро барои фурӯши саҳмияҳо дар Ҷоми Ҷаҳон ва дигар мусобиқаҳо ба сармоягузорони хусусӣ, аз ҷумла, тибқи гузоришҳои расонаҳо, хешовандони домоди Трамп Ҷаред Кушнер, эълон карда буд. Инфантино мегуфт, ки ин даромади ассотсиатсияҳои футболро чор маротиба зиёд мекунад.
30 июл ҳамаи 55 узви UEFA таҳдид карданд, ки агар нақшаи Инфантино амалӣ шавад, мусобиқаҳои FIFA-ро бойкот мекунанд. UEFA изҳор дошт, ки “ҳеҷ кас ҳаққи ахлоқии фурӯши чизеро, ки барои наслҳои оянда нигоҳ дошта мешавад, надорад”. CONCACAF, ки намояндаи 41 федератсияи футбол дар Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва Кариб аст, низ аз ин мавқеъ пуштибонӣ кард.
1 август Ҷанни Инфантино эълон кард, ки FIFA аз нақшаи худ барои қисман хусусӣ кардани ҳуқуқҳои тиҷоратӣ ба мусобиқаҳо даст мекашад.



