Сафари зоирони тоҷик имсол ба ҳаҷҷи фарзӣ 2300 нафар камтар аз нақшаи пешбинишуда сурат гирифтааст.
Ҳарчанд Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 7800 квота ҷорӣ карда буд, аммо танҳо 5,5 ҳазор аз он истифода шуд, гуфтанд аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо.
Ба иттилои манбаъ, сабаби асосӣ “ба мушкилоти молиявии довталабон дар марҳилаи охири пардохт” алоқаманд аст, зеро бархе аз шаҳрвандон дар охирин лаҳза маблағи лозимро пардохт карда натавонистанд.
“Ҳатто нафароне ҳастанд, ки солҳо интизори навбат буданд, аммо дар дақиқаҳои охир аз сабаби камбудии маблағ аз роҳи сафар баргаштанд”, – шарҳ доданд аз Кумитаи дин.
Нархи сафари Ҳаҷ-2026 53 ҳазор сомонӣ буд.
Блоки рекламавӣ



