19.05.2026 ходими илмии шуъбаи фарҳанги Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Зоҳири Сайфулло рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ҷанбаъҳои фалсафӣ–фарҳангии Наврӯз» дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА–089-и назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Самиев Бобоҷон бо муваффақияти баланд дифоъ намуд.
Рисолаи мазкур ба яке аз муҳимтарин арзишҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик Наврӯз бахшида шуда, дар он муҳаққиқ бо диди илмӣ ва таҳлили амиқи фалсафӣ моҳият, ҷойгоҳ ва аҳамияти ин ҷашни куҳанбунёдро дар ташаккули фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонбинии инсон мавриди омӯзиш қарор додааст.
Дар таҳқиқот Наврӯз на танҳо ҳамчун як ҷашни суннатӣ, балки ҳамчун рамзи эҳёи табиат, покии маънавӣ, худшиносии миллӣ, инсонгароӣ ва ваҳдати фарҳангҳо арзёбӣ гардидааст.
Муаллиф тавонистааст, ки бо такя ба сарчашмаҳои таърихиву фалсафӣ ва дидгоҳҳои илмии муосир, нақши Наврӯзро дар таҳкими арзишҳои ахлоқӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва пойдории ҳувияти миллӣ ба таври асоснок нишон диҳад.
Ҳамчунин дар рисола масъалаҳои марбут ба таҳаввули фарҳангӣ, таъсири арзишҳои миллӣ ба ҷомеаи муосир ва мақоми Наврӯз дар фазои фарҳанги ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтаанд.
Аҳли илм ва иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ ба сатҳи баланди илмии рисола, навоварӣ ва аҳамияти амалии он баҳои баланд дода, дифои муҳаққиқро натиҷаи заҳмати пайгирона ва таҳқиқоти ҷиддии илмӣ арзёбӣ намуданд.
Дифои бомуваффақияти ин рисола бозгӯи он аст, ки имрӯз ҷавонони соҳибандеша ва муҳаққиқони тоҷик бо ҳисси баланди масъулият барои омӯзиш ва муаррифии арзишҳои миллӣ талош менамоянд.
Ин дастоварди илмӣ на танҳо муваффақияти шахсии Зоҳири Сайфулло, балки дастоварди муҳими муҳити илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба Зоҳири Сайфулло дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, таҳқиқоти арзишманд ва фатҳи қуллаҳои нави дониш комёбиҳои рӯзафзун орзумандем.

Ҳимояи рисолае арзишманд перомуни ҷанбаъҳои фалсафӣ–фарҳангии Наврӯз
Блоки рекламавӣ


