Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти созишнома бо ширкати русии “БТК гурӯҳ”-ро шарҳ доданд.
Фаррух Юсуфзода, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амвол 26-уми май дар Маҷлиси намояндагон гуфт, гурӯҳи ширкатҳои БТК бояд давоми даҳ соли оянда дар Тоҷикистон 150 миллион доллар сармоягузорӣ карда, “корхонаи коркарди нахи пахтаро то маҳсулоти ниҳоӣ” бунёд кунад.
Дар иваз Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки барои кишти пахта ба ин ширкат “на камтар аз 15 ҳазор гектар бо инфрасохтори зарурӣ” ҷудо мекунад. Мӯҳлати истифодаи ин заминҳо на камтар аз 20 сол пешбинӣ шудааст.
Қарор аст, ки ин заминҳо асосан дар минтақаи Кӯлоб ба ширкати русӣ дода шаванд.
Созишнома бо ширкати “БТК” моҳи октябри соли 2025 дар ҷараёни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон имзо шуда буд.

Иҷораи 15 ҳазор гектар замин
Блоки рекламавӣ


