Мақомоти интизомии Тоҷикистон як модари 44-соларо барои то ба худкушӣ расонидани арӯси хона боздошт кардаанд, ки аломати ҳоло ҳам зиёд мондани зӯроварӣ ба зан дониста мешавад.
Вазорати умури дохилӣ рӯзи 23-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ба сабаби ҷабру зулми пайвастаи ин зан, келини 21-солаи онҳо рӯзи 2-уми апрел худро ба рӯдхонаи Зарафшон андохта, худкушӣ кардааст. Дар баёния омадааст, “гумонбаршаванда аз моҳи декабри соли 2023 то инҷониб нисбати келинаш ҷавонзани 21-сола сокини ноҳияи Айнӣ муомилаи бераҳмона менамуд ва мунтазам шаъну эътиборашро паст мезад. Арӯс аз ҷабру зулми хушдоманаш дуюми апрели соли 2025, дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ худро ба дарёи «Зарафшон» андохтааст.“
ВКД мегӯяд, ба зидди ин зан бо иттиҳоми “расондан ба худкушӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва дар сурати исбот шудани гуноҳ мумкин аст, ӯро аз 3 то ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь