Дар ноҳияи Б.Ғафуров 27-уми апрели соли 2026 дар бошишгоҳи саҳроии ҳоҷагии деҳқонии «Зоидбой Каримов»-и ноҳияи Б.Ғафуров, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи мазкур ҷасади шаҳрвандон Ҳоҷибоев Насимҷон Самадович соли таваллудуш 1979 соҳибкор ва Султонов Шарифҷон Тӯхтабоевич соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандгони ҷамоати деҳоти Хистеварз бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ бо изи гарм маълум карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Мавлонов Хуршедҷон Абдуғаффорович соли таваллудаш 1980 сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз содир намудааст. Муайян карда шуд, ки ҳангоми дар бошишгоҳи мазкур қарор доштан, байни фавтидагон ва гумонбар муноқиша сар задааст. Мавлонов Хуршедҷон бо истифода аз камони якмиллаи шикорӣ 2-маротиба ба самти Ҳоҷибоев Насимҷон ва 3-маротиба ба самти Султонов Шарафҷон тир холӣ кардааст, ки номбурдагон аз ҷароҳати бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мавлонов Хуршедҷон бо мақсади пинҳон шудан аз тафтишот ва ҷавобагарии ҷиноятӣ олоти ҷиноят, яъне камонашро ҳамроҳаш гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Бо андешидани чораҳои бетаъхир гумонбар дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон дастгир карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мавлонов Хуршедҷонбо моддаи 104 Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, охирон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Хуршедҷон бо камони шикорӣ ду нафарро ба ҳалокат расонд
Блоки рекламавӣ


