Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба сохтмони боз як бинои нави таълимӣ дар назди гимназияи рақами 4 санги асос гузошта шуд.
Қайд гардид, ки қаблан низ бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар назди гимназияи мазкур бинои замонавии таълимӣ бунёд гардида буд. Бо дарназардошти зиёд будани шумораи хонандагон, зарурати сохтмони бинои иловагӣ ба миён омад.
Тибқи иттилои масъулон, иншооти нави соҳаи маориф барои 1000 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, бо саҳми соҳибкорон сохта мешавад. Дар бино тамоми шароити зарурии таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.
Айни ҳол дар гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд беш аз 3200 нафар хонанда таҳсил менамоянд.
Блоки рекламавӣ



