Сӯхтор дар бозори шаҳри Хоруғро 72 наҷотдиҳанда хомӯш кардаанд.
Бино ба гузориши ВКД, сӯхтор дар кӯчаи Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, ки нисфирӯзии 27 июл рух дод, 150 метри мураббаъ дар дохил ва болопӯши мағозаҳоро фаро гирифт.
Кормандони хадамоти оташнишонӣ бо 5 нақлиёти оташнишонӣ сӯхторро дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш кардаанд. Сабаб ва зарари сӯхтор муайян карда мешавад.
Блоки рекламавӣ



