Дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 984 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, то имрӯз 1076 иншоот сохтаву мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳоло бошад илова ба нақша сохтмони боз 177 иншоот идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмони як қатор иншоте, ки илова ба нақша ҳоло бунёд мешаванд, дидан намуд.
Зимни боздид аз сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти асосии умумии №1 дар маҳаллаи Деваштич, ки бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон аз ҷониби пудратчӣ – ширкати бинокории “Гулгун”сохта мешавад, гуфта шуд, ки ҳоло корҳои ороишӣ идома дошта, соли нави таҳсил дар он 480 нафар дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дар ҷараёни боздид ҳамчунин аз рафти сохтмони Маркази оши палов дар ҳудуди осоишгоҳи “Шифо”, кӯдакистон дар хиёбони Рӯдакӣ барои 200 кӯдак, майдону гулгашти Абулқосим Фирдавсӣ, ки бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ бунёд мешавад, бинои маъмурии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент дидан намуда, барои вусъат додани корҳо ва дар мӯҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани онҳо ба масъулин дастур дода шуд.
Дар ин рӯз ҳамчунин рафти бунёди коргоҳи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли об ва нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ “Оби Ҳафткӯл” аз назар гузаронида, барои тезонидани суръати сохтмон дастуру маслиҳат дода шуд.
хабар кунед дия)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь