Дар вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ 104 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ва ҳазору 907 ҳолати бастани ақди никоҳ кам шудааст.
Аз Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 345 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин омор дар ҳамин давраи соли гузашта 449 ҳолатро ташкил медод.
Ба гуфтаи манбаъ дар ин давра 5 ҳазору 433 ҳолати бастани ақди никоҳи шаҳрвандон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин омор дар се моҳи соли 2025 7 ҳазору 340 ҳолатро ташкил медод.
Масъулони ниҳоди мазкур омили кам шудани бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандонро бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби онҳо ва дигар сохторҳо арзёбӣ мекунанд.
Блоки рекламавӣ



