Бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Маҷлиси вакилон солҳои 2026-2030 дар вилоят “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” эълон гардид.
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иҷлосияи 4-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Раиси вилоят пешниҳод кард: “Бо дарназардошти дастовардҳо ва натиҷаҳои назарраси татбиқи ташаббуси эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Фарҳанги китобхонӣ», зарур мешуморам пешниҳод намоям, ки ин иқдоми муҳим дар солҳои 2026–2030 ба таври пайгирона низ идома ёфта, ба рушди маънавию фарҳангии ҷомеа мусоидат намояд”.
Қобили зикр аст, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 12 декабри соли 2024, таҳти №720, соли 2025 дар қаламрави вилояти Хатлон “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардида буд. Ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.
Дар доираи эълон гардидани соли 2025 “Фарҳанги китобхонӣ” аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ китобхонаҳо дар ҳудуди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъмир ва азнавсозӣ гардиданд.

Хатлон: Солҳои 2026-2030 “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон шуд
Блоки рекламавӣ


