Даромадгоҳи асосии вилояти Хатлон дар ҳудуди деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо намои зебои меъморӣ, унсурҳои миллӣ ва тарҳи муосир бунёд карда мешавад. Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани симои шаҳрсозӣ ва муаррифии шоистаи вилояти Хатлон амалӣ мегардад.
Тавре зимни нишасти матбуотии Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, барои сохтмони Маҷмааи «Даромадгоҳи вилояти Хатлон» аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон 4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Айни замон корҳои омодагӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ идома дошта, пас аз анҷоми пурраи корҳои тарҳрезӣ сохтмони ин иншооти муҳими меъморӣ оғоз хоҳад ёфт.
Масъулон таъкид намуданд, ки Маҷмааи «Даромадгоҳи вилояти Хатлон» яке аз лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ба ҳисоб рафта, дар оянда на танҳо ҳамчун рамзи истиқболи меҳмонон, балки ҳамчун як гӯшаи зебои меъморӣ ва муаррифгари таъриху фарҳанги бойи минтақа хизмат хоҳад кард.
Бунёди ин иншоот қадами дигар дар самти ободонӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани намои зоҳирии вилояти Хатлон ба шумор меравад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
Хатлон



