Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз рафти сохтмони як қатор иншооти муҳими соҳаи маориф ва инфрасохтори иҷтимоӣ боздид намуда, ба сифати корҳои анҷомёфта ва суръати сохтмон баҳои воқеӣ доданд.

Нахуст раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда дар ду баст дидан карданд. Масъулон иттилоъ доданд, ки иншоот бо назардошти талаботи муосири соҳаи маориф бунёд гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан барои беҳтар гардидани шароити таҳсили хонандагон ва коҳиши норасоии ҷойи нишаст мусоидат хоҳад кард.

Сипас Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии Коллеҷи политехникӣ боздид намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи муҳлати иҷрои корҳо, истифодаи масолеҳи хушсифат ва таъмини сатҳи баланди корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят дар деҳоти Сафобахш аз ҷараёни сохтмони муассисаи томактабӣ барои 300 нафар кӯдак, майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва панҷ хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон боздид намуданд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияву таълими кӯдакон ва дастгирии омӯзгорон аҳамияти калон дорад.

Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон аз рафти бунёди пули нави мошингузар дар ноҳияи Данғара дидан карда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд. Зикр гардид, ки иншооти мазкур барои беҳтар намудани ҳолати роҳҳо, таъмини ҳаракати бехатару бемамониати нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ аҳамияти муҳим дошта, пас аз ба истифода додан ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Дар деҳоти Хуррамзамин раиси вилоят аз рафти сохтмони боз як муассисаи томактабӣ барои 300 нафар кӯдак боздид намуда, ҷиҳати ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни боздид аз ҳамаи иншоот Раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи пурраи меъёрҳои шаҳрсозӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шаванд. Ҳамзамон масъулин вазифадор гардиданд, ки барои дар сатҳи баланд омода намудани иншоот ба мавриди истифода тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь