Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ кормандони ташкилоту идораҳо иштирок намуда, ба китобҳои тозанашр таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо адабиёти наву муосир шинос шаванд, китобҳои заруриро барои раванди таълиму тарбия дастрас намоянд, сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии худро боз ҳам ғанӣ гардонанд
Ҳузури фаъоли кормандони соҳаи маориф дар чунин чорабиниҳо нишонаи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рушди фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад.
Блоки рекламавӣ



