Бо дасгирии МИҲД-и вилояти Хатлон ба Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон таҷҳизоти муосир ворид карда шуд.
Нурализода Акмал, директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба “Фараҳ” гуфт, рушди инноватсионӣ равандест, ки дар он идеяҳо, технологияҳо ё усулҳои нав ба вуҷуд омада, барои беҳтар кардани зиндагӣ, иқтисод ва ҷомеа истифода мешаванд. Ин раванд яке аз омилҳои асосии пешрафти давлатҳо ва ширкатҳо ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин соҳаи муҳим бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон чанд аз дастгоҳи нави муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин харидорӣ ва дастрас карда шуд.
Гуфта шуд, ки ин таҷҳизот яъне дронҳо дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, маориф, телекомуникатсия ва дигар самтҳо истифода карда мешаванд.

Хатлон: Марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин шуд
Блоки рекламавӣ


