Бо қарори раиси вилояти Хатлон Кабирзода Кароматулло Кабир ба вазифаи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон таъин гардид.

Зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки хизматчии давлатӣ бояд вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, софдилона ва дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат иҷро намуда, барои татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми арзанда гузорад.

Ҳамзамон ба роҳбари тозатаъин ҷиҳати баланд бардоштани сифати фаъолияти соҳа, таъмини назорати самараноки давлатии санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь