Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз рафти корҳои мумфаршкунии роҳи аҳамияти маҳаллидошта, воқеъ дар деҳаи Остона, боздид кард.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми фаъолонаи сокинони деҳа амалӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ, аз ҷумла маблағҳои ҷамъовардаи сокинон аз сафари ҳаҷ ва фитри рӯза, роҳандозӣ шудааст. Дарозии умумии ин роҳи аҳамияти маҳаллидошта 9 километрро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки татбиқи чунин иқдомҳо намунаи равшани ҳамкории самарабахши давлату ҷомеа дар самти ободонии маҳал, рушди инфрасохтори роҳҳо ва беҳтарсозии шароити зиндагии аҳолӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки корҳои азнавсозии роҳ аз моҳи январи соли 2026 оғоз гардида, то имрӯз марҳилаи муҳими корҳои тахту ҳамворкунӣ ба анҷом расонида шудааст. Айни замон корҳои омодагӣ ва идомаи марҳилаҳои асосии мумфаршкунӣ идома доранд.
Қобили зикр аст, ки танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорон беш аз 600 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш гардидааст, ки ин нишонаи болоравии ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии сокинон дар корҳои ободонӣ арзёбӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь