Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 21 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон биноҳои нави нозироти андоз сохта шуда, айни замон дар се шаҳру ноҳияи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ин бора сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Каримзода Зокир зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар шаҳри Левакант ва ноҳияи Шаҳритус сохтмони биноҳои нави нозироти андоз дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома дошта, онҳо дар арафаи ҷашни миллӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин, то охири соли ҷорӣ бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Муъминобод низ ба истифода дода мешавад.
Тавре масъулин таъкид карданд, бунёди ин иншоотҳо барои беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони мақомоти андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва фароҳам овардани муҳити муносиби корӣ мусоидат мекунад. Ин иқдом ҳамзамон туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь