Имрӯзҳо дар баробари талбандагӣ баъзе аз ҷугиҳои муқими кишвар даст ба дуздии моликияти шаҳрвандон мезананду бо ин кирдорашон ба шаҳрвандон зарари молӣ мерасонанд.
Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Левакант ҷинояти дуздии ду гурӯҳ, иборат аз 7 нафар ошкор ва гумонбарон дастгир карда шуданд. Инҳо Холоева Ҳиҷрона Ҳамзаевна, соли таваллудаш 2005;, Юлдошова Нигора Насимҷоновна, соли таваллудаш 2002;, Ноболиғ Ю.Б, соли таваллудаш 2009;, Шарипова Марҷона Салимҷоновна, соли таваллудаш 2004;, Эрниёзова Лутфия Ҷурабековна, соли таваллудаш 2001;, Тоштемурова Марҷона Тоҷидиновна соли таваллудаш 2000;, Шомадова Саломат Аҳлидиновна, соли таваллудаш 1996, сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъ буда, санаи 08.05.2026 ба шаҳри Левакант барои талбандагӣ омада, вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон Худойназарова Савринисо, сокини деҳаи Боҳтуробод ва Ғоибова Шарофат, сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Левакант гашта, аз набудани соҳибони хона истифода намуда, маблағҳои пулӣ ва ҷавоҳироти тилогину нуқрагинро тасарруф намудаанд, ки бо ин кирдорашон ба шаҳрвандон зарари молӣ расонидаанд.
Дар натиҷаи чораҳои фаврӣ ин нафарони ҷиноятпеша аз ҷониби кормадони милитсия дастгир карда шуданд.
Айни замон боздоштшудаҳо дар ду ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташон тибқи талаботи моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.

Хатлон: Боздошти ҳафт талбандаи гумонбар ба дуздӣ
Блоки рекламавӣ


