Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ба 1832 сар сагу гурба шиносномаи байторӣ дода шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Ба гуфтаи масъулон, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 716 адад зиёд мебошад, ки аз афзоиши таваҷҷуҳи соҳибони ҳайвоноти хонагӣ ба бақайдгирӣ ва назорати байторӣ дарак медиҳад.
Зикр гардид, ки аз шумораи умумии шиносномаҳои додашуда 186 адад ба гурбаҳо тааллуқ дошта, арзиши ҳар як шиноснома 6,6 сомонӣ мебошад.
Масъулони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ таъкид намуданд, ки шиносномадиҳӣ ба ҳайвоноти хонагӣ барои назорати вазъи саломатии онҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва таъмини амнияти санитарию байторӣ аҳамияти муҳим дорад.



