Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон 2 ҳазору 69 нафар аз адои минбаъдаи ҷазо озод шудаанд. Дар байни онҳо 300 нафар зан мебошанд.
Дар ин бора прокурори вилояти Хатлон Икром Зоирзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз оғози мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» муқаррароти ин санади ҳуқуқӣ нисбат ба 448 нафар айбдоршаванда ва судшаванда низ татбиқ гардидааст.
Прокурори вилоят зикр намуд, ки татбиқи Қонуни афв дар доираи сиёсати инсондӯстонаи давлат амалӣ гардида, барои гурӯҳҳои муайяни маҳкумшудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон сабукиҳои пешбининамудаи қонунро фароҳам меорад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар саросари ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи ин қонун озод шудани беш аз 18 ҳазор маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳӣ дар назар дошта шудааст.



