Дар вилояти Хатлон ба шахсони аз маҳбас озодшуда, сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргашта ва шаҳрвандони аз кор озодшуда беш аз 4,7 миллион сомонӣ кумакпулӣ пардохт гардидааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбоналӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои 3046 нафар шахсони аз кор озодшуда, баъди адои ҷазои ҷиноятӣ аз маҳбас баргашта ва нафарони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ озодшуда кумакпулӣ таъин карда шудааст.
Бо дарназардошти қарзҳои соли гузашта, дар маҷмӯъ ба 4366 нафар кумакпулӣ пардохт гардида, ин нишондиҳанда 79,5 фоизи нақшаи пешбинишудаи барномаи соли 2026-ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии маблағи пардохтшуда 4792,3 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аз ин маблағ ба 270 нафар шахсони аз маҳбас озодшуда 360,5 ҳазор сомонӣ, ба 4093 нафар сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргашта 4405,9 ҳазор сомонӣ ва ба 3 нафар шахсони аз ҷойи кор ихтисоршуда 25,9 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Масъулони соҳа мегӯянд, ин тадбирҳо ба дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароит барои бозгашти онҳо ба ҳаёти фаъол ва бозори меҳнат равона шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь