Дар  вилояти Хатлон машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои соли таҳсили 2025–2026, дастовардҳои хонандагону омӯзгорон ва вазифаҳои асосии соҳа барои соли нави таҳсил баррасӣ шуданд. Ҳамзамон дар ин машварат беш аз 100 нафар кормандони соҳаи маориф қадрдонӣ шуданд.

Дар машварат раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, мудирону кормандони шуъбаву бахшҳои маориф, собиқадорон ва омӯзгорони фаъол иштирок намуданд.

Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ва корҳои эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан карданд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои соли таҳсили гузашта дар самти иштироки хонандагон дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас буда, шумораи дастовардҳо нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтааст.

Яке аз дастовардҳои муҳим ба натиҷаи хатмкунандагони вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» вобаста мебошад. Имсол 37 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят ба гирифтани аттестатҳои аъло бо медалҳои тилло ва нуқра мушарраф гардида, вилояти Хатлон дар байни минтақаҳои кишвар мақоми аввалро соҳиб шуд.

Сипас, машварати августӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо рӯзномаи машварат шинос намуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифро дар соли таҳсили гузашта таҳлил намуда, ба дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳадафи ниҳоии рушди соҳаи маориф танҳо бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ ва таъмин бо таҷҳизоту технология нест, балки тарбияи инсони донишманд, соҳибкасб, худшинос, эҷодкор ва рақобатпазир мебошад. Меъёри асосии фаъолияти ҳар як муассисаи таълимӣ бояд пеш аз ҳама сатҳи воқеии дониш, малака ва ҷаҳонбинии хонанда бошад.

Зикр гардид, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагони вилояти Хатлон соҳиби 3240 медал гардидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 2737 медал зиёд мебошад. Дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ бошад, хонандагони вилоят 1175 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 375 медал бештар аст.

Ҳамчунин, аз бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид гардид, ки фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар вилоят ба 33 фоиз расидааст.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим низ дастовардҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлонро баланд арзёбӣ намуда, аз афзоиши натиҷаҳои хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ёдовар шуд. Аз ҷумла, ғолибияти Сайдализода Мадина — хонандаи муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин — дар озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи соли Тоҷикистон» ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими соли таҳсил таъкид гардид.

Вазир ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди малакаҳои касбии омӯзгорон, рақамикунонии соҳаи маориф, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, интернет, барномаҳои электронӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ намуда, зарурати мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи замони муосирро таъкид кард.

Дар машварат инчунин аз дастгириҳои раиси вилояти Хатлон нисбат ба соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, дастгирии омӯзгорони ҷавон, рушди муассисаҳои таълимӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагони болаёқат ёдоварӣ гардид.

Дар идомаи машварат собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорони фаъол баромад намуда, барои дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти омӯзгорон изҳори сипос карданд.

Қисми тантанавии машварати августиро маросими қадрдонии омӯзгорон, хонандагон ва дигар саҳмгузорони соҳаи маориф ташкил дод.

Дар маҷмӯъ, беш аз 100 нафар бо унвонҳои «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаҳои «Омӯзгори ифтихории вилояти Хатлон», «Собиқадори соҳаи маорифи вилояти Хатлон», «Соҳибватан» ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла, ба 37 нафар ғолибони озмуни «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 370 ҳазор сомонӣ, тақдим гардид.

Ҳамчунин, омӯзгорони 37 хонандаи мазкур низ бо мукофоти 3 ҳазор сомонӣ барои меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи шогирдони муваффақ қадрдонӣ шуданд. Ҳаҷми ин қисми мукофот 111 ҳазор сомонӣ-ро ташкил дод.

Илова бар ин, 10 нафар хонандаи фаъол ва ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷоизаи раиси вилояти Хатлон, «Соҳибватан» ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.

“Парчами сайёри ғолиб” бо 20 ҳазор мукофотпулӣ насиби ноҳияи Данғара шуд. Ин парчам ба шаҳру ноҳияҳо ҳамасола бо ба инобат гирифтани фаъолияти назаррас, пешсаф ва натиҷаҳои баландтарин супорида мешавад.

Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо таъкиди зарурати идомаи корҳои созанда, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дастгирии омӯзгорони фаъол ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои рушди хонандагон ҷамъбаст гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь