Барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 30 миллиону 106 ҳазору 507 сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз беш аз 72 дарсадаш маблағгузорӣ шудаст.
Чиллазода Аъзамҷон, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки аз ин маблағҳо 27 миллиону 704 ҳазору 448 сомонӣ ҷудо гардид.
Ӯ гуфт, ки дар таъмири муассисаҳои соҳаи маориф шаҳру ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Хуросон, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Бохтар, Кӯшониён, Шаҳритус, Қубодиён Вахш, Норак Балҷувон пешсаф буда, дигар шаҳру ноҳияҳо аз 31 то 80 дарсад маблағҳои таъмири муассисаҳои соҳаи маорифро ҷудо кардаанд.
Айни замон таъмири муассисаҳои соҳаи маориф идома дошта, рӯзҳои наздик он пурра ба охир мерасад,-илова кард Чиллазода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь